НАРХГУЗОРӢ ДАР САВДОИ МИНТАҚА: ХУСУСИЯТ, УСУЛҲО ВА ОМИЛҲО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16-Абдурахмонов Махмуд.pdf)Абдураҳмонова М., Содиқова Г.И.Нархгузорӣ дар савдои минтақа: хусусият, усулҳо ва омилҳо49

 

МУАЛЛИФ: Абдураҳмонова Маҳмуд - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), Содиқова Гавҳар Иброҳимовна - номзади илмҳои иқтисоди, кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба тадқиқи муҳимтарин масъалаҳои иқтисоди бозоргонии минтақа хусусият, тарз ва омилҳои нархгузорӣ дар самти худхизматрасониҳои савдои минтақа бахшида шудааст. Нақш, аҳамият ва намудҳои тарофаҳо, инчунин равиши иҷтимоии хизматрасонӣ ва афзалиятнокии онҳо тавсиф гардидаанд. Тарз ва омилҳои асосии бунёдгардии тарофаҳо дар хизматрасониҳои савдои нархгузории минтақавӣ асоснок карда шудаанд. Тарзи муайян гардидани тарофаҳои хизматрасониҳои минтақавӣ дар савдо дар усулҳои иқтисодию математикӣ ва статистикӣ бояд асос ёбад. Муайян гардидаанд хосиятҳои хизматрасониҳо дар низоми нархгузории миллии минтақа вобаста ба нақши онҳо дар инкишофёбии муносибатҳои бозории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Амали тарофаҳо дар низоми нархгузории миллӣ ва байналхалқӣ таҳлил шуда, аҳамиятнокии онҳо, хосият, омил, тартиб додани тарофаҳо ва амали он ошкор шудаанд. Тавсия карда мешавад, ки тарофаҳои хизматрасонии савдои минтақа бояд дар равияҳои зерин, ба монанди танзимшаванда, худтанзимшаванда ва озодамалкунанда тадқиқ карда шаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарофаҳо, хизматрасонии савдо, хусусият, тарз, омилҳо, равиши иҷтимоӣ.