СТРАТЕГИЯИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА – АСОСИ ТАЪМИНИ МУСТАҚИЛИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (15-Алиҷонов Ҷамшед Абдуқаюмович.pdf)Алиҷонов Ҷ.А.Стратегияи воридотивазкунанда ‟ асоси таъмини мустақилияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон.43

 

МУАЛЛИФ: Алиҷонов Ҷамшед Абдуқаюмович – номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои стратегияи воридотивазкунӣ ба воситаи таъмини мустақилияти озуқаворӣ мавриди баррасаӣ қарор дода шудааст. Тадқиқоти имкониятҳои воридотивазкунӣ дар соҳаи озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соҳаи кишоварзии мамлакат ба дараҷаи кофӣ иқтидори худро истифода намебарад. Таҳлили истеҳсоли молҳои озуқаворӣ бо дарназардошти маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ нишон дод, ки аз рӯи намудҳои муайяни маҳсулотҳои воридотӣ, соҳаи кишоварзии мамлакат шароитҳои имконпазир дорад. Пеш аз ҳама, ин ба истеҳсоли маҳсулоти гӯшти чорвои калони шохдор, гӯшти паррандаи хонагӣ, тухм, маҳсулотҳои ширӣ, сабзавот ва меваҳо дахл дорад. Бо мақсади дар сатҳи задди аксар самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷудаи мамлакат дар ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии воридотивазкунанда, истифодаи иқтидори ҷамъиятҳои кооператсияи матлубот зарур мебошад. Самаранокии чунин чорабинӣ бо он маънидод карда мешавад, ки қисми зиёди озуқаворӣ дар хоҷагиҳои назди ҳавлигии аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар амал тадбиқ намудани чорабиниҳои дар боло зикршуда, ба пастшавии вобастагии воридотӣ ва худтаъминкунии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуда, бехатарии озуқавории мамлакатро мустаҳкам мекунад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мустақилияти озуқаворӣ ва бехатарии озуқаворӣ, стратегияи воридотивазкунӣ, нишондодҳои ҳудудӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, вобастагӣ аз воридот, ҷамъиятҳои матлубот.