МОДЕЛИРОНИИ РУШДИ МАҶМАЪАИ САЙЁҲӢ ВИЛОЯТИ СУҒД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25-Сабуров Ихтиёр Муҳидинович.pdf)Сабуров И.М.Моделиронии рушди маҷмаъаи сайёҳӣ вилояти Суғд49

 

МУАЛЛИФ: Сабуров Ихтиёр Муҳидинович - муаллими кафедраи барномарезии МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров», (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(62).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур модел бо назардошти ҳолати кунунии рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд коркардшудаи  рушди сайёҳӣ, ки барои амалисозии пешниҳоди самти рушди сайёҳӣ, гуногунии сармоягузорӣ, асосноксозии иқтисодии пайдарпаии сохтмони иншоотҳо мувофиқи воридоти манбаъҳои маблағгузорӣ ва намудҳои гуногуни сармоягузорӣ мусоидат менамояд, баррасӣ карда шудааст. Ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии танзими рушди сайёҳӣ,  мақсаду вазифаи инкишофи ин соҳа дар заминаи корбурди роҳу усулҳои наву замонавии пешрафти соҳа бо назардошти таҷриба ва тараққиёти   ҷомеаи имрӯза  бо дар назаргирии  муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст, ки барои омӯзиши ҳарчи бештари мавзӯи мазкур мусоидат менамояд. Натиҷаи таҳқиқ дар ин мақола бозгӯи он аст, ки пардохти ҳисобкардашуда бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ ва захираҳои дигари сайёҳӣ пурра ба буҷети маҳаллӣ ё минтақавӣ ворид гардиданаш зарур мебошад. Моделҳои риёзӣ дар татбиқи муайян намудани самтҳои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои фарохи таҳқиқотиро фароҳам меоваранд ва барои инъикоси дурусти равандҳо кӯмак мекунанд. Истифодаи модели риёзӣ-иқтисодии пешниҳодшуда ва алгоритми татбиқи он дар беҳтаргардонии рушди маҷмааи сайёҳии вилояти Суғд нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ айни замон бештар ба сармоягузорӣ ниёз дошта, дар раванди идора намудани самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ давлат нақши муҳимро мебозад.

 

 

 

 ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рушди сайёҳӣ, моделиронӣ, танзим, сармоягузории мустақим, инкишофи рақобат, омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, афзалиятноки.