ОРНИТОФАУНАИ ОБҲОИ РАВОНИ СОРБУЛОҚ (ҚАЗОҚИСТОН)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (9. Гаврилов Андрей Эдуардович.pdf) Гаврилов А. Э., Зарипова С.Х., Абаев А.Ж.Орнитофаунаи обњои равони Сорбулоќ (Ќазоќистон)54

 

МУАЛЛИФ: Гаврилов Андрей Эдуардович - номзади илмҳои биологӣ, мудири Маркази ҳалқакунонии парандагони РГП дар ПХВ "Институти зоология" КН МОН ПК, Зарипова Сырымгуль Хайруллаевна - ходими илмии лабораторияи орнитология ва герпетологияи РГП дар ПХВ «Институт зоологии»-и КН МОН РК, Абаев Алмат Жолдасбаевич - мудири лабораторияи орнитологӣ ва герпетологии РГП дар ПХВ «Институти зоология»-и КН МОН РК

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Ботлоқзорҳо барои шумораи зиёди паррандагон макони зист фароҳам меоранд. Нақши обанборҳои сунъӣ дар нигоҳ доштани гуногунии паррандагон ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Муаллифон дар асоси натиҷаи таҳқиқоти худ ва баррасии сарчашмаҳои адабӣ феҳристи навъҳои паррандахоро, дар яке аз калонтарин обанборҳои партов - кӯли Сорбулоқ дар наздикии шаҳри Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон), ки дар солхои 1976 то 2021 муайян шудаанд, тартиб додаанд. Мушохидахо аз руи хисоби маршрутхо, аз нуктаи мушохидаи доимй гузаронида шуда, натичахои мушохидахои дустдорони паррандахо низ ба назар гирифта шуданд. Барои омӯзиши намудҳои кучишкунанда 182879 сар, 218 намуди ба  17 катор дохилшаванда халбанди карда шуд.

Дар ҳудуди кӯли Сорбулоқ 335 намуд аз 20 катори паррандагон қайд карда шудааст, аз ҷумла 37 намуд ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Қазоқистон дохил карда шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 80 намуд аз 14 катор лона мегузоранд. Паррандаҳое, ки дар кули Сорбулоқ халкабанди карда шудаанд дар ҳудуди 12 давлати Авруосиё ва Африқо дарёфт гардидаанд. Бозгашти ҳалқаҳо нишон медиҳад, ки паррандагон дар минтақаҳои Сибири Шарқӣ, Миёна ва Ғарбӣ, Казокистони Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз системаи кули Сорбулоқ муҳоҷират мекунанд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки системаи кули Сорбулок барои паррандаҳои обӣ ва нимобӣ дар ҳамаи марҳилаҳои давраи ҳаёти онҳо (лона кардан, кучиши мавсимӣ, зимистонгузаронӣ, тулак) аҳамияти калон дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ботлоқзорҳо, обанбори техногенӣ, паррандагон, кучиш, кули Сорбулоқ, Осиё.