2022 сол
МАВҚЕИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ ВА ИМКОНИЯТИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛИ ДОРУВОРӢ
МУАЛЛИФ: Шaрипoвa Сaнoaт Вoсидoвнa - ассистенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бa нoми aкaдeмик Б.Ѓaфурoв”, Собиров Мурод Собитович - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бa нoми aкaдeмик Б.Ѓaфурoв”, номзади илмҳои кишоварзӣ, Очилова Фотима Ҳамдамовна - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бa нoми aкaдeмик Б.Ѓaфурoв”, номзади илмҳои биологӣ, Эргaшевa Нoдирa Вoсидoвнa - мaгистранти иxтисoси “биoлoгияи умумӣ” –и МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бa нoми aкaдeмик Б.Ѓaфурoв”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола маълумотҳои назариявии мавҷуда оид ба хосиятҳои шифобахшии растаниҳои худрӯй таҳлил карда шуда, мавқеи онҳо дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ баён карда шудааст. Таъкид мегардад, ки олами набототи Тоҷикистон дорои захираҳои бойи доруворӣ шуда метавонад, ки то ҳол дар сатҳи зарурӣ истифода бурда намешавад. Ошкор карда шудааст, ки имкониятҳои васеъи ташкили истеҳсолоти саноатии доруворӣ мавҷуд буда, таваҷҷӯҳи хосаи мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва маблағгузории мақсаднокро талаб менамояд. Инчунин, гузаронидани тадқиқотҳои чуқуру амиқи масъалаи мазкур мувофиқи мақсад мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
растаниҳои шифобахш, саломатии аҳолӣ, қиёму нӯшоба, доруворӣ, истеҳсоли захираҳои табиӣ, хусусиятҳои олами наботот.