ТАДҚИҚИ РАВАНДҲОИ ГАРМӢ ДАР МОДУЛИ ФОТОЭЛЕКТРИКИИ ОФТОБӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (6. Мирзокобилова Фируза Осимовна.pdf) Мирзоқобилова Ф.О.Тадқиқи равандҳои гармӣ дар модули фотоэлектрикии офтобӣ38

 

МУАЛЛИФ: Мирзоқобилова Фирӯза Осимовна - муаллимаи  кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт МДТ “ДДХ ба номи  академик  Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

 Дар кори мазкур қимматҳои зиёдтарин ва миёнаи моҳонаи ҳарорати модули фотоэлектрикӣ ва ҳарорати ҳавои минтақа (ш. Хуҷанд) муайян карда шудаанд. Динамикаи энергияи фоиданоки электрӣ ва гармии дастгоҳи фотоэлектрикии термалии офтобӣ (ДФТО) омӯхта шудааст. Динамикаи шабонарӯзӣ ва мавсимии энергияи гармии ҷамъшуда дар маводи модули фотоэлектрикӣ (МФ), бо назардошти хусусияти стохастикии афканиши офтоб ва иқлими маҳаллӣ омӯхта шудааст. Муайян карда шудааст, ки қимати миёнаи солонаи <Тmax–Тмиёна> МФ 20°С мебошад. Дар моҳҳои зимистон қимати <Тmax–Тмиёна> то 15°С паст мешавад. Энергияи ҷамъшудаи ДФТО  ΔWҷамъ дар нисфирӯзӣ 50 Вт/м2 ё 1,5% аз суммаи шабонарӯзии афканиши хоси офтобро ташкил медиҳад. Суммаи шабонарӯзии афканиши офтоб дар моҳи октябр тақрибан 3,5 кВт /м2 аст. Мукаррар карда шудааст, ки энергияи гармии чамъшуда дар материали асос (подложка), бо тавоноии электрии ДФТО коэффисиенти пасти таносуби (0,18)- ро дорад. Камшавии тавлиди нерӯи барқ ​​аз ҳисоби баланд шудани ҳарорати модул дар ҳудуди 1...2%, аз ҳисоби истеҳсоли энергияи гармии дастгоҳи гибридии офтобӣ ҷуброн карда мешавад. Энергияи гармии муфиди шабонарузии ДФТО ҳангоми самаранокии гармидиҳӣ 50% будан 2 кВт/м2  мебошад. Истеҳсоли энергияи электрии шабонарӯзии ДФТО, ҳангоми самаранокии электрӣ тақрибан 8% будан, 280 Вт/м2​​​​ мебошад. Самаранокии умумии электрикӣ ва гармии ДФТО 58% -ро ташкил медиҳад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

модули фотоэлектрикӣ, сели гармӣ, самаранокӣ,  энергияи электрӣ, энергияи гармӣ, системаи информатсионӣ, энергияи захирашуда.