2022 сол
ТАЪСИРИ РАДИОНУКЛИДХО БА ПАРАМЕТРҲОИ ДИНАМИКИИ ЧАРХЗАНАНДАГИИ НИШОНАҲОИ СПИНӢ ДАР БИОМАТЕРИАЛҲО
МУАЛЛИФ:Умаров Насимҷон Негматович - номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(61). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Бо усули нишонаҳои спинӣ динамикаи молекулавии радикали нитроксилие, ки ба сохтори танаи қамиши оддӣ пайваст кардашудааст мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Аниқ карда шудааст, ки бо зиёд шудани миқдори радионуклидҳо басомад ва энергияи активатсионии чархзании радикалҳо тағйир меёбад. Муайян карда шудааст, ки радионуклидҳо басомади гардиши радикали нитроксилиро дар атрофи мавқеи ҳолати мувозинат зиёд мекунанд. Ошкор карда шудааст, ки радионуклидҳо энергияи активатсионии чархзании радикалҳоро хурд мекунанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
нишонаҳои спинӣ, вобастагии ҳароратӣ, энергияи активатсионии чархзании радикалҳо, басомади чархзанӣ, қамиши оддӣ.