ДУРНАМОИ ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ 5G ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25. Сайдуллаев Умеджон Уктамович.pdf)Сайдуллоев У.Ӯ.Дурнамои татбиқи системаи 5g дар Ҷумҳурии Тоҷикистон40

 

МУАЛЛИФ: Сайдуллоев Умедҷон Ӯктамович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дурнамои рушди технологияҳои мобилӣ ва хусусиятҳои ҷорӣ намудани намудҳои нави хизматрасониҳои рақобатпазири алоқа баррасӣ карда шудааст. Тамоюлҳои ҷаҳонии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин роҳҳои зиёд кардани ҳаҷми хизматрасонӣ муҳокима карда шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодии ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар инфрасохтори мавҷудаи алоқаи мобилӣ кӯшиш карда шудааст. Афзалиятҳо ва имкониятҳои технологияҳои алоқаи мобилии 5G, барои таъсис додани намудҳои нави хидматрасониҳои алоқа дар дигар бахшҳои иқтисодиёт мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.


 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

бозор, рақобат, алоқа, рушди технологияҳо, Интернет-хидматрасонӣ.