ТАҶРИБАИ ХОРИҶӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ КЛАСТЕРҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР КИШВАРҲОИ АЗ ҶИҲАТИ ИҚТИСОДӢ РУШДЁФТА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (24. Ниѐзова Моҳирахон Улуғбековна.pdf)Ниѐзова М.У.Таҷрибаи хориҷӣ дар ташаккул ва рушди кластерҳои минтақавӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдѐфта44

 

МУАЛЛИФ: Ниёзова Моҳирахон Улуғбековна - докторанти курси 3–юми ихтисоси (PhD) 6D050600 –  “иқтисодиёти минтақа” Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола дар мавзўи таҷрибаи хориҷӣ дар ташаккул ва рушди кластерҳои минтақавӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта баҳс мекунад. Қайд карда мешавад, ки ташаккули кластерҳо дар иқтисоди муосир фазои мусоидро барои таъмини муҳити истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои баланд фароҳам меорад. Дар мақола таҷрибаи хориҷии ташаккул ва рушди кластерҳои минтақавӣ дар кишварҳои Италия, Фаронса, Британияи Кабир, ИМА ва Ҷопон баррасӣ шудааст. Собит карда мешавад, ки самаранокии кластерсозии иқтисоди минтақавӣ бо дараҷаи фаҳмиш ва истифодаи салоҳиятдори принсипҳои ташкили раванди ташаккул муайян карда шавад. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ метавон гуфт, ки кластери минтақавӣ ҳамчун нуқтаи рушд ва асоси иқтисодиёти ба инноватсия нигаронидашуда муаррифӣ карда шавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

кластери минтақавӣ, рақобатпазирии минтақавӣ, сиёсати кластерӣ, ҳамкорӣ, системаи шабакавӣ, муносибати кластерӣ, кластерҳои минтақавии иноватсионӣ.