2022 сол
ҲАДАФ ВА МУНОСИБАТҲОИ КИШВАРҲО ДАР ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ МУҲОҶИРАТИ БОЗГАШТ ВОБАСТА БА ҲОЛАТҲОИ ИҚТИСОДӢ
МУАЛЛИФ: Аминов Муминҷон Ҳаётуллоевич - номзади илмҳои география, дотсент, декани факултети геоэкология ва туризм, МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Хуҷанд, Олимов Абдураҳмон Олимбойевич - омузгори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, факултети геоэкология ва туризм, кафераи географияи иқтисодӣ ва демография (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур нақши мусбати муҳоҷирати бозгашт ба давлатҳои қабулкунанда буда яке аз падидаҳои асосӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои кишварҳои қабулкунанда муҳоҷирати бозгашт ҳамчун манбаи имконпазири рушди кишварҳо. Таҷрибаи мусбии кишварҳое, ки таҷрибаи муҳоҷирати бозгаштро барои рушди иқтисодиёт ва ҷомеа истифода кардаанд. Ҳадафҳои давлатҳое, ки муҳоҷирати бозгаштро таҳрик мекунанд: гуманитарӣ, бартараф кардани ҳолатҳои демографӣ, иқтисодӣ ва таҳрики рушди минтақа ба шумор меравад. Тадбирҳо оид ба дастгирии муҳоҷирони баргашта аз ҷониби давлатҳое, ки муҳоҷирати бозгаштро таҳрик мекунанд, самтҳои асосии афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро муайян мекунанд, аз ҷумла: эҷоди шароит барои сиёсати муҳоҷирати тавофуқшуда, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар асоси мувофиқат кардани ҳаҷм, самтҳо ва сохтори ҷараёни муҳоҷират аввал ин ба манфиати давлатҳои қабулкунанда ва ба муҳоҷирони бозгашта буда , бо назардошти қонунҳои давлати қабулкунанда, таъмини ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаккул ёфта дар мақола мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муҳоҷирати бозгашт, сармоягузорӣ, убури марз, хароҷотҳои бебозгашт, барномаҳои иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонӣ