2022 сол
ХУСУСИЯТҲОИ МОРФОЛОГИИ ТУХМИ КАБКҲОИ ПОПУЛЯТСИЯИ МАҲАЛЛИИ ЗЕРНАМУДИ “РОМИТ” БО ТАРЗИ НИГОҲДОРӢ ДАР ҚАФАС
МУАЛЛИФ: Базаров Шарифҷон Эмомалиевич - номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони шуъбаи парандапарварии интенсивии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ. (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар кори илмии таҳрезишуда хусусияти морфологии тухми инкубатсионии волидайнони кабкҳои популятсияи маҳаллии зернамуди “Ромити” соли якуми давраи маҳсулнокӣ, оварда шудааст. Нишондодҳои хуби натиҷаҳои хобонидани тухмҳои инкубатсионӣ, яке аз шартҳои асосӣ дар истеҳсолот мебошад, ки аз омилҳои зиед вобастагӣ дорад, аз ҷумла, аз хусусиятҳои морфологии тухм, шароити нигоҳдорӣ ва хӯронидан. Аз маводҳои таҳлил шуда бар меояд, ки дар умум, тухмҳои кабкҳои бадастовардашуда ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд ва ҳамчун дастур метавонанд истифода баранд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
инкубатсия, кабк, тухми кабк, гӯшти парҳезӣ, сафеда ва зардии тухм, пӯчоқи тухм, шохиси шакл.