САМТҲОИ АСОСӢ ВА ДУРНАМОИ ТАБИАТИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16. Сангинов Мирзосодиқ Маҳмадшафиевич.pdf)Сангинов М.М., Ашурова Н.Дж. Самтҳои асосӣ ва дурнамои табиатистифодабарии самаранок32

 

МУАЛЛИФ: Сангинов Мирзосодиқ Маҳмадшафиевич - омӯзгори кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров; Ашӯрова Нилуфар Ҷафархоновна - омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи табиатистифодабарии самаранок, ки роҳҳои рушди иҷтимоӣ - иқтисодии ҷамъиятро муайян менамояд, бахшида шудааст. Муаллифон зикр менамоянд, ки рушди босуботи қувваҳои истеҳсолӣ ва некӯаҳволии мардуми ҳар кадом кишвар ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳолати муҳити зист вобастагӣ дорад. Махсусан барои кишварҳои кӯҳсор, ки шароитҳои мухталифи табиӣ ва ташкили хоси  ҳудудии қувваҳои истеҳсолкунандаро доранд,  ба инобат нагирифтани омилҳои табиӣ ва экологии рушд ва ҷойгиронии истеҳсолот ба касодии сиёсати иқтисодӣ, зарари воқеии нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва вобаста ба арзиш оварда мерасонад.

Ба андешаи муаллифон, ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф дар Тоҷикистон бо маҷмӯи таҳқиқотҳои  экологӣ – географӣ, ки илмҳои табиӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегиранд, вобастагии калон дорад ва яке аз самтҳои муҳими соҳаи табиатистифодабарӣ ин мониторинги геоэкологист, ки рушди таҳқиқотҳои амалӣ ва татбиқи онро дар истеҳсолот пешбинӣ менамояд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

назарияи табиатистифодабарии самаранок, омилҳои табиӣ, экологии рушд ва ҷойгиронии истеҳсолот, оқибатҳои манфии таъсири антропогенӣ ба табиат, потенсиали табиӣ – аграрӣ, дурнамои самтҳои рушди минтақавӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ва соҳаҳои асосии маҳсулотбарорӣ