2022 сол
ҶАНБАҲОИ ИЛМИИ ПЕШГӮИҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ МУҲИТИ ТАБИӢ – ИҚЛИМӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ПОТЕНСИАЛИ ЗАХИРАВӢ (ДАР МИСОЛИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ)
МУАЛЛИФ: Қодиров Абдуваҳоб Абдунабиевич - магистранти курси дуюми кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”; Дадобоева Нодирахон Нуруллоевна - дотсенти кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(60). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ҷанбаҳои илмии пешгӯиҳои тағйирёбии муҳити табиӣ – иқлимӣ ва таъсири онҳоро ба потенсиали захиравӣ арзёбӣ менамояд. Ба андешаи муаллифон дар заминаи гармшавии глобалии иқлим, дар минтақаҳои алоҳидаи намнокиашон кам, ҳарорат дар мавсими тобистон баробари зиёдшавии боришот паст гардиданаш мумкин, аммо барномаҳои амсилавӣ дар бештари маврид бе назардошти ин ҳолат танҳо афзоиши ҳароратро пешгӯӣ мекунанду халос. Дар баробари ин барномаҳои амсилавӣ пешгӯиҳои тағйирёбии миқдори боришотро барои дурнамо амиқ баён карда наметавонанд. Муаллифони мақола пешниҳод менамоянд, ки барои пешгирии ин хатари экологӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон пешгӯии оқибатҳои тағйирёбии шароитҳои табииро ба роҳ монда, ба коркарди чораҳои мутобиқшавӣ ҷиҳати оқибатҳои номусоиди гармшавии иқлим шуруъ намудан лозим аст. Масалан, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи каммасрафи об, методҳои ҳифозоти экологии обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳифзи хок аз эрозия, тавлиди навъҳои растаниҳои ғалладонагии ба гармӣ тобовар ва ғ.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
гармшавии иқлим, ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво, минтақаҳои иқлимии арктикӣ то субтропикӣ, пешгӯии оқибатҳои тағйирёбии шароитҳои табиӣ