ВУСЪАТИ ШАКЛ ВА ТАРЗҲОИ ПАРДОХТИ МЕҲНАТ ДАР МИНТАҚА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (31. Негматов Шукруллохон.pdf)Негматов Ш.Л.ВУСЪАТИ ШАКЛ ВА ТАРЗҲОИ ПАРДОХТИ МЕҲНАТ ДАР МИНТАҚА 43

 


МУАЛЛИФ:  Негматов Ш.Л.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола вусъати шакл ва тарзҳои пардохти меҳнат дар минтақаҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда мешавад. Муаллиф дар мақола таъкид менамояд, ки таҳлили низоми пардохти меҳнат бо муносибатҳои оқилонаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар пардохти меҳнат дар иқтисодиёти бисёрсоҳа дар асоси қонуни қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моликият» нишон медиҳад, ки шаклҳои мавҷудабудаи пардохти меҳнат, гарчанде ки аксаран анъанавӣ ва устувор мебошанд, бо вуҷуди ин метавонанд прогрессивӣ бошанд ва бо муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ба танзим дароварда шаванд.Ба ақидаи муаллиф ин амал аз низоми кӯҳнаи тақсимоти даромад ва пардохти меҳнат тибқи баробаркунӣ дур шуданд ва гузаришро ба васеъ намудани шаклҳо ва усулҳои пардохти меҳнат дар робита бо хароҷоти меҳнат таъмин менамояд. Дар охири мақола муаллиф хулоса мекунад, ки саноатикунонии босуръат дар иқтисодиёт, танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва вусъати шаклу усулҳои муздро дар субъектҳои хоҷагидорӣ тақозо мекунад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

шакл, тарзҳои пардохти меҳнат, минтақа, саноатикунонии босуръати иқтисодӣ, такрористеҳсолкунӣ.