2021 сол
ТАНЗИМИ ИҶТИМОӢ-МЕҲНАТИИ ПАРДОХТИ МЕҲНАТ ДАР МИНТАҚАҲО
МУАЛЛИФ: Негматов Ш.Л.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола дар мавзўи танзими иҷтимоӣ-меҳнатии пардохти меҳнат дар минтақаҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс мекунад. Қайд карда мешавад, ки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва низоми ҳавасмандгардонии меҳнат дар ин минтақаҳо бояд дар асоси омезиши усулҳои кӯҳнаву нави ҳавасмандгардонии меҳнат ба роҳ монда шавад. Дар асоси омори солонаи вилояти Суғд (2020) кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки тақсимоти шумораи кормандон, музди миёнаи меҳнати моҳонаи онҳо дар корхонаҳо ва ташкилотҳо аз рӯи ҳаҷми пардохти меҳнати ҳисобшуда муайян карда шавад. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф ба чунин хулоса меояд, ки тақсимот ба гурӯҳҳо бо мақсади тартиб додани танзими иҷтимоӣ-меҳнатии пардохти меҳнат ба фаъолияти самаранокии корхонаҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
танзими иҷтимоӣ-меҳнатӣ, пардохти меҳнат, саноатикунонии босуръат, тақсимоти шумораи кормандон, музди миёнаи меҳнат.