АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДӢ ВА КОММУНИКАТСИОНИИ БАНАҚШАГИРИИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА БАРОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (29. Қосимова Малика Ҳомидхоҷаевна.pdf)Қосимова М.Ҳ.АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДӢ ВА КОММУНИКАТСИОНИИ БАНАҚШАГИРИИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА БАРОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ 45

 


МУАЛЛИФ:  Қосимова М.Ҳ.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи мазкур технологияи нисбатан нави маркетинг - банақшагирии воситаҳои ахбори омма (медиа) баррасӣ карда мешавад. Нақш ва аҳамияти он дар фаъолияти таблиғотии корхонаҳои соҳаи ВАО асоснок карда шудааст. Аз ҷониби муаллиф методологияи мувофиқи аслии баҳогузории самаранокии натиҷаҳои ниҳоии банақшагирии медиа ва дар ниҳоят тамоми маъракаи таблиғотӣ муайян карда шуда, барои ширкатҳои телевизионӣ пешниҳод карда шудааст. Маълумоти ибтидоии зарурӣ барои ин баҳогузории муайян карда шудааст. Методологияи пешниҳодшуда, татбиқи тадбирҳои мушаххасро бо истифодаи усулҳои мувофиқи баҳодиҳии самаранокӣ дар се марҳила пешбинӣ менамояд: марҳилаи аввала, марҳилаи баамалбарории нақшаи ВАО ва бевосита марҳилаи арзёбии самаранокӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳо. Инчунин нишондиҳандаҳои банақшагирифтаи самаранокии молиявии нақшаи тартибдодашудаи васоити ахбори омма муайян карда шудааст. Зарурияти арзёбии системавӣ ва ба ҳам алоқамандии самаранокии иқтисодӣ ва коммуникатсионии банақшагирии ВАО барои ширкатҳои телевизионӣ нишон дода шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

банақшагирии ВАО (медиа), самаранокии иқтисодӣ, самаранокии коммуникативӣ, методологияи арзёбӣ, ширкатҳои телевизионӣ.