Формулаи тасвири ҳалли умумӣ ва масъалаҳои канорӣ барои системаи муодилаҳои хаттии дифференсиалии одии тартиби дуюм бо нуқтаи дохилии сингулярӣ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (2. Олими Абдуманон.pdf)Олими А.Ғ. Формулаи тасвири ҳалли умумӣ ва масъалаҳои канорӣ барои системаи муодилаҳои хаттии дифференсиалии одии тартиби дуюм бо нуқтаи дохилии сингулярӣ39

 


МУАЛЛИФ: Олими А.Ғ.

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(59).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

"Системаи m муодилаҳои дифференсиалии одии хаттии тартиби дуюми намуди умумӣ бо нуқтаи дохилии сингулярӣ тадқиқ карда мешавад. Муодилаи муайяни система асосӣ ҳисобида, омӯзиши он дар алоқамандӣ бо хосиятҳои коэффитсиенти назди функсияи номаълуми мувофиқи ин муодила гузаронида мешавад. Масъалаи тадқиқи системаи додашуда ба омӯзиши системаҳои пештар омӯхташудаи ба он монанд бо нуқтаи сарҳадии сингулярӣ оварда мешавад. Бо истифодаи натиҷаҳои маълум, ҳалли умумии система бо ѐрии резолвентаҳои системаҳои мувофиқи муодилаҳои интегралии навъи дуюми Волтерр бо махсусияти суст навишта мешавад. Тасвири ҳосил кардашудаи ҳалли умумӣ дар исботи формулаҳои баргардонии он, омӯзиши хосиятҳои ҳалҳо дар атрофи нуқтаи махсус, гузориш ва ҳалли масъалаҳои нави намудҳои Кошӣ ва хаттӣ - ҳамроҳшавӣ татбиқ мегардад."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

"системаи муодилаҳои дифференсиалии одӣ, нуқтаи сингулярии дохилӣ, системаи муодилаҳои интегралии Волтерр, ҳалли умумӣ, формулаҳои баргардонӣ, хосиятҳои ҳалҳо, масъалаҳои намудҳои Кошӣ ва хаттӣ - ҳамроҳшавӣ."