2021 сол
Тасвири ҳалли умумӣ дар намуди интегралӣ ва масъалаи намуди Кошӣ барои системаи m муодилаҳои хаттии дифференсиалии одии тартиби дуюм бо нуқтаи сарҳадии сингулярӣ
МУАЛЛИФ: Олими А.Ғ.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(58). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
"Дар мақола системаи муодилаҳои дифференсиалии одии хаттии тартиби дуюми намуди умумӣ бо нуқтаи сарҳадии сингулярӣ тадқиқ карда мешавад. Муодилаи муайяни система асосӣ ҳисобида, омӯзиши он дар алоқамандӣ бо хосиятҳои коэффитсиенти назди функсияи номаълуми мувофиқи ин муодила гузаронида мешавад. Масъалаи ҳалли системаи додашуда ба масъалаи баробарқувваи ҳалли системаи муодилаҳои интегралии навъи дуюми Волтерр бо махсусияти суст оварда шудааст. Ҳалли умумии система бо ѐрии резолвентаҳои системаи муодилаҳои интегралӣ ифода карда шудааст. Тасвири ҳосил кардашуда дар муқаррар кардани формулаҳои баргардонии он, омӯзиши хосиятҳои ҳалҳо дар атрофи нуқтаи сингулярӣ, муайян кардани гузориши дурусти намуди нави масъалаи Кошӣ ва ѐфтани ҳалли он татбиқ гардидааст."
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
"системаи муодилаҳои дифференсиалии одӣ, нуқтаи сингулярӣ, системаи муодилаҳои интегралии Волтерр, ҳалли умумӣ, формулаҳои баргардонӣ, хосиятҳои ҳалҳо, масъалаи намуди Кошӣ."