ХУСУСИЯТҲОИ АМСИЛАБАНДИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (35. Юлдошев Улугбек.pdf)Юлдошев У.И., Раҳимов А.М ХУСУСИЯТҲОИ АМСИЛАБАНДИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ 40

 


МУАЛЛИФ: Юлдошев У.И., Раҳимов А.М

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи зерин хусусиятҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гурӯҳбандии даромад ва хароҷоти ташкилотҳои буҷетӣ, тасидиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳои буҷетӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷроиши он аз тарафи хазинадории марказӣ, амалишавии ҳамаи харидҳо ва хизматрасониҳо аз тарафи ташкилотҳои буҷетӣ тибқи қоидаҳои махсус ва қонунгузорӣ, хусусиятҳои соҳавии ташкилотҳои буҷетӣ (маориф, тандурусти, илм ва ғ.), нақшаи хисобҳои махсус барои ташкилотҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирӣ ва регистрҳои муҳосибӣ, меъёрҳои ягонаи ҳисоб намудани истеҳлоки (хўрдашавии) воситаҳои асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи воситаҳои асосие, ки ба гурўҳҳои истеҳлокӣ дохил мегарданд, пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз хисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, талаботҳои махсус дар вақти ба кор тайинкуни ва озодкунии сармухосибони ташкилотҳои буҷетӣ таҳлил ва дида баромада шудааст. Дар мақола аз тарафи муаллиф бо усули муқоисавӣ фарқияти байни баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ муайян карда шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ташкилоти буҷетӣ, бахисобгирии мухосибӣ, маблағ, молия, хазинадорӣ, даромад, хароҷот.