МОДЕЛИРОНИИ САМТҲОИ АСОСИИ ТАРАҚҚИЁТИ МАКОНИ САЙЁҲӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (34. Чабборов Абдуманон.pdf) Ҷабборов А.А. Абдуллозода Д.Х. МОДЕЛИРОНИИ САМТҲОИ АСОСИИ ТАРАҚҚИЁТИ МАКОНИ САЙЁҲӢ 39

 


МУАЛЛИФ: Ҷабборов А.А. Абдуллозода Д.Х. 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба рушди ҷойгоҳҳои сайёҳӣ ҳамчун қаламраве сухан меравад, ки ҳудуди муайян доранд ва талаботи доираи васеи сайёҳонро қонеъ мекунанд.Мавзӯи тадқиқот намудҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ аз нуқтаи назари талабот аз ҷониби аҳолӣ ва қобилияти қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба саёҳат, истироҳат, донистани олами атроф ва ғайра мебошад. Мақсади омӯзиш муайян намудани самтҳои ояндадори рушди бизнеси сайёҳӣ дар доираи воҳидҳои ҳудудии баррасишуда мебошад.Дар натиҷаи таҳлил, дар мақола тавсияҳои илмӣ ва амалӣ оид ба рушди самтҳо таҳия шудаанд, ки имкон медиҳанд, ки ҷаззобияти туристии ҳудудҳо афзоиш ёбад, инчунин имконоти сайёҳии онҳо пурра ва самарабахштар истифода шаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

макони сайёҳӣ, туризм, намуд, стандарти меҳмоннавозӣ, инфрасохтори туристӣ.