2021 сол
ОМИЛҲОИ РУШДИ СОҲАҲОИ САНОАТ ДАР ШАРОИТИ ТАБДИЛДИҲИИ РАҚАМӢ
МУАЛЛИФ: Аскарова С.С.,
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур доир ба омилҳои рушди соҳаҳои саноати инноватсионӣ ва дар заминаи онҳо рушд ёфтани дигар соҳаҳои иқтисодии кишвар маълумот оварда шудааст. Дар қатори омилҳои сершумори рушди соҳаҳо афзалият ба сармоягузорӣ дода шудааст. Аз ҷониби муаллиф пешниҳод карда шуда аст, ки ҳангоми тақсимбандии сармоягузориҳо ба соҳаҳои иқтисодии кишвар афзалиятнокии самаранокии онҳо ба инобат гирифта шаванд. Аз нигоҳи муаллиф барои куллан рушд ёфтани соҳаҳои инноватсионии саноат сармоягузориҳо бояд пеш аз ҳама ба рушди потенсилаи илмӣ дода шавад, зеро аз таҳияи илмии дурусти масъалаҳо соҳаҳо метавонанд рушд кунанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
потенсилаи илмӣ, потенсиали сармоягузорӣ, рушди соҳаҳо, саноат, инноватсия, иқтисодиёт, саноати инноватсионӣ.