2021 сол
ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАЪОЛНОКИИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАИ САНОАТӢ
МУАЛЛИФ: Акрамова З.Б., Саидова Ф.А.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(58). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Таҳлили тамоюлҳои пешрафти ҷаҳонии илмӣ-техникӣ аҳамияти корхонаҳои саноатиро дар рушди инноватсионии иқтисодиёт нишон медиҳад, зеро маҳз корхонаҳои саноатӣ дорои имконоти зарурии молиявӣ, истеҳсолӣ ва захираҳои инсонӣ мебошанд. Дар мақола вазъи сармояи инсонӣ ва таъсири он ба фаъолнокии инноватсионии корхонаи саноатӣ таҳқиқ карда мешавад. Шарти асосӣ ва роҳи беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти корхона фаъолнокии инноватсионӣ мебошад, ки барои таъмини рақобатпазирии устувори он зарур аст. Сарчашмаи фаъолнокии инноватсионӣ сармояи инсонӣ мебошад, ки ба талаботи коргарон барои рушд ва татбиқи нерӯи меҳнатии худ асос ёфтааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сармояи инсонӣ, арзёбии сармояи инсонӣ, фаъолнокии инноватсионӣ, робитаи байни сармояи инсонӣ ва фаъолнокии инноватсионӣ.