МАХСУСИЯТҲОИ ИНКИШОФИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22. Юлдошев Улугбек Иномжонович.pdf)Юлдошев У.И., Маҳмудов М.Қ.МАХСУСИЯТҲОИ ИНКИШОФИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН51

 


МУАЛЛИФОН: Юлдошев У.И., Маҳмудов М.Қ.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола махсусиятҳои ташаккул ва инкишофи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳое, ки дар муайян намудани тафовути тиҷорати электронӣ ва тиҷорати анъанавӣ кӯмак мерасонанд, баррасӣ гардида, доираи фаъолияти он муайян карда шудааст. Тиҷорати электронӣ – ҳамаи намуди муомилоти савдо аст, ки зимни амалӣ гардонидани он аз тамоми имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотиву телекоммуникатсионӣ ва шабакаҳо бо мақсади ба даст овардани даромади нисбатан баланд дар муқоиса бо тиҷорати анъанавӣ истифода мебаранд, мебошанд. Омилҳои асосии ба инкишофи ―интернет-мағозаҳо‖ –и анъанавӣ монеъшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф наѐфтани низоми хизматрасонии логистӣ, муайян нагардидани мавқеи интернет-мағозаҳо дар қонунгузорӣ, инкишофи сусти инфаструктураи шабакаҳо дар минтақаҳои кишвар, инчунин менталитети аҳолии мамлакат маҳсуб меѐбанд. Бо мақсади инкишофи самтҳои афзалиятноки тиҷорати электронӣ дар соҳаи иқтисодиѐт , тамоми иштирокчиѐни раванди мазкур бар гурӯҳҳои тасниф гардиданд, аз ҷумла давлат, истеъмолкунанда, бизнес ва ниҳодҳои молиявӣ (ТАКХ, Бонкҳо ва ғ.) .

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тиҷорати электронӣ, даромад, технологияи иттилоотӣ, мубодилаи электронии маълумот, бизнес, интернет, интернет-магазин.