2021 сол
ПЕШГӮИИ ЭҲТИЁҶОТИ ИҶТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ МАЪЛУМОТИ КАСБӢ
МУАЛЛИФ: Эргашев Ф.Э.
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Пешгӯии ниёзҳои иқтисодиёти минтақӣ ба мутахассисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронида шуд. Ҳисоби эҳтиѐҷот дар асоси сохтани модели эҳтимолии регрессия дар асоси сатҳи рушди иқтисодии минтақа сурат гирифтааст. Методҳо ва методикаи мавҷудаи пешгӯии эҳтиѐҷот ба мутахассисон барои иқтисодҳои минтақавӣ баррасӣ карда мешаванд. Барои сохтани як модели бисѐрзинаи регрессия барои пешгӯии эҳтиѐҷоти мутахассисон дар бозори меҳнати ҶумҳурииТоҷикистон, як гурӯҳи параметрҳои иқтисодӣ муайян карда шуданд, ки ниѐз ба мутахассисонро ба иқтисоди минтақавӣ муайян мекунанд, байни онҳо робитаи таносубӣ муқаррар карда шуд ва муҳимтаринашон қайд карда шуданд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ, пешгӯии эҳтиёҷот ба мутахассисон, тайѐр кардани мутахассисон, бозори меҳнати минтақавӣ, моделсозии математикӣ, муносибати функсионалӣ, намуна.