ФОРМУЛАИ ТАСВИРИ ҲАЛЛИ УМУМӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ НАМУДИ КОШӢ - РИКЙЕ БАРОИ МУОДИЛАИ ДИФФЕРЕНСИАЛИИ ОДИИ НАМУДАШ МАХСУС БО НУҚТАИ САРҲАДӢ ВА ДОХИЛИИ ДОРОИ СИНГУЛЯРНОКИИ ПАСТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (5. Олимӣ А.Ғ., Дадоҷонова М.Ё.,  Охунов Н.Қ., Толибов С.А..pdf)Олимӣ А.Ғ., Дадоҷонова М.Ё., Охунов Н.Қ., Толибов С.А. ФОРМУЛАИ ТАСВИРИ ҲАЛЛИ УМУМӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ НАМУДИ КОШӢ - РИКЙЕ БАРОИ МУОДИЛАИ ДИФФЕРЕНСИАЛИИ ОДИИ НАМУДАШ МАХСУС БО НУҚТАИ САРҲАДӢ ВА ДОХИЛИИ ДОРОИ СИНГУЛЯРНОКИИ ПАСТ47

 


МУАЛЛИФОН: Олимӣ А.Ғ., Дадоҷонова М.Ё.,  Охунов Н.Қ., Толибов С.А.


РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(56).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола муодилаи дар натиҷаи ду маротиба итеронидани оператори дифференсиалии одии тартиби якуми дорои нуқтаи сарҳадӣ ва дохилии сингулярнокиаш паст ҳосилшуда мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Формулаи ҳалли умумии муодила ѐфта мешавад ва он дар омўхтани хосиятҳои ҳалҳо, рафтори онҳо дар атрофи нуқтаи махсус, гузориш ва ҳалли масъалаҳои намуди Кошӣ - Рикйе бо шартҳои дар нуқтаи сингулярнокиаш паст додашуда татбиқ гардидааст. Нишон дода шудааст, ки ҳалҳои муодила ва қимати оператори мувофиқ аз онҳо, дар атрофи нуқтаи дорои сингулярнокии паст маҳдуд мешаванд. Таъсири махсусияти муодила дар гузориши масъалаҳои канорӣ дар он зоҳир мегардад, ки шартҳоро танҳо дар қисми сарҳад гузоштан кофӣ мебошад."

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

"муодилаи дифференсиалии одии намуди махсус, нуқтаи дорои сингулярнокии паст, формулаи тасвири ҳалли умумӣ, рафтори ҳалҳо, баробариҳои характеристикӣ, масъалаи намуди Кошӣ -Рикйе."