АҲАММИЯТИ ТАТБИҚИ САЛОҲИЯТИ МАЪРИФАТЇ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тиллохоҷаева М.Н..pdf)Тиллохоҷаева М.Н.АҲАММИЯТИ ТАТБИҚИ САЛОҲИЯТИ МАЪРИФАТЇ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ31

 


МУАЛЛИФ: Тиллохоҷаева Муҳаббат Набиҷоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои фаъолияти маърифатии хонандагони ва роњњои истифодаи усулҳои фаъоли таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.  Рушди шахсияти хонандагон дар асоси ташаккули салоҳиятҳо, ки  яке аз ҳадафҳои асосии таълими замони муосир буда, нақши фаъоли хонандагон дар ҷараёни таълим меъёри асосии интихоби педагогӣ мебошад, ки барои рушди фаъолияти маърифатӣ, инкишофи шахсият ва мутобиқати он бо талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат имконият фароҳам меорад. Муаллиф таъкид медорад, ки ҷараёни фикр ҳамон вақт тез мешавад, агар саволҳо душвору талабагон мутобиқан дониши кофӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, дар ҳалли ин ё он супориш хонандагон бояд дорои захираи муайяни дониш бошад ва ҳангоми зарурат онро истифода карда тавонанд. Фаъолияти маърифатӣ ва мустақилият аз якдигар ҷудонопазиранд: хонандагони фаъолтар, чун қоида, мустақилтаранд; фаъолияти нокифояи худомӯзии хонанда ӯро аз андешаи дигарон вобаста карда, аз мустақилият маҳрум мекунад. Муаллифи маќола ба он ақида аст, ки мавриди гузаронидани машғулият аз усулҳои фаъоли таълим истифода намудан ба шахс шароит фароҳам меорад, то мустақилона кор кунад, ақида ва нуқтаи назари худро мустақилона таҳия намояд ва бо руҳбаландӣ дар рафти машғулият ширкат варзад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

равандҳои маърифатӣ, фаъолият, инкишоф, инноватсионї, озмоишӣ, ќобилият, баҳодиҳї, дониш, маҳорат, малака, мустақилият