ВЕЖАГИҲОИ ТАЪЛИМИ АШЪОРИ ИРФОНӢ ДАР ДАРСИ АДАБИЁТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Пӯлодова Ш.С..pdf)Пӯлодова Ш.С.ВЕЖАГИҲОИ ТАЪЛИМИ АШЪОРИ ИРФОНӢ ДАР ДАРСИ АДАБИЁТ40

 


МУАЛЛИФ: Пўлодова  Шоира  Солиҷоновна,  н.и.ф.,  дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар маќола аз хусуси мавќеи таълими адабиёти тасаввуф, аз ҷумла ашъори ирфонии Аҳмади Ҷом дар барнома ва китобҳои дарсии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон сухан рафааст. Муаллиф ҳадафи асосии таълими адабиётро парвариши завқи солими адабӣ дар хонанда, ташаккули одоби ҳамида, маҳорати сухангӯйӣ ва шиносоӣ бо бузургтарин намояндагони адабиёти гузаштаву имрӯз ва дар заминаи онњо тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳї, арҷ ниҳодан ба арзишҳои миллӣ ва монанди инҳо мањсуб медонад. Барои расидан ба ин маќсадњо бархурдории муаллимон аз масоили ирфонӣ, истилоҳоти динӣ, ҷаҳонбинии хоси суханварон ва усулҳои таҳлилу тафсири осори адабӣ муҳим арзёбӣ гаштааст. Дар мақола аз шартҳои асосии тафсири саҳеҳи каломи манзум роҳандозии кори матншиносӣ маҳсуб дониста шуда, таъкид бар он меравад, ки ба китобҳои дарсӣ матнҳои беғалат ва дурусти ашъори шоирон интихоб карда шавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Аҳмади Ҷом, таълими адабиёт, ашъори ирфонӣ, тайёрии омўзгор, шарҳу тафсир, матншиносии осори адабӣ, китобҳои дарсӣ