РОҲҲОИ БЕҲБУДИ ТАЙЁРИИ МЕТОДИИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ КОР БО МУТУНИ АСЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоева М.А., Ҳоҷиева Ҷ.Ҷ..pdf)Абдуллоева М.А., Ҳоҷиева Ҷ.Ҷ.РОҲҲОИ БЕҲБУДИ ТАЙЁРИИ МЕТОДИИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ КОР БО МУТУНИ АСЛӢ 29

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна, д.и.п.профессори кафедраи методикаи таълими  забонҳои хориҷӣ; Ҳоҷиева Ҷамила Ҷамшедовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Чи тавре, ки амалия нишон медиҳад, як қатор  масъалаи тайёрии методии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ барои истифодабарии маводи матнӣ бо забони англисӣ аз ҷониби донишҷӯёни соҳибзабони тоҷик ҳанӯз ҳал нашуда мондаанд. Дар байни онҳо метавон методикаи тавассути матн  ташаккул додани нутқи шифоҳии муҳассилин, ҳамчунин, техникаи хониш ва маҳорати тарҷумаи онҳоро қайд намуд. Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур сухан дар бораи самаранокии истифодабарии матнҳои аслии англисӣ дар раванди таълими забони хориҷӣ меравад ва дар он, асосан, роҳҳои ташаккули салоҳияти методии омӯзгорони ояндаи забонҳои хориҷӣ барои кор бо чунин матнҳо дар фаъолияти касбиашон пешниҳод карда мешаванд

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

забони хориҷӣ, фарҳанг, матнҳои аслӣ, методикаи таълим, истифодабарӣ, самаранокӣ, салоҳияти методӣ