ИСТИФОДАИ КОРҲОИ ОЗМОИШИИ МАҶОЗӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БОЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Олимӣ А.Р..pdf)Олимӣ А.Р.ИСТИФОДАИ КОРҲОИ ОЗМОИШИИ МАҶОЗӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БОЗ 34

 


МУАЛЛИФ: Олимӣ Ашуралӣ Рамазон, н.и.физ.-матем., дотсенти кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Данғара (Тоҷикистон, Данғара)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола истифода ва имконоти технологияҳои нави иттилоотӣ, ки озмоишгоҳи маҷозӣ  ном доранд ва муасисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёна дар раванди таълим баррасӣ мешаванд. То имрӯз, бисёр озмоишгоҳҳои маҷозӣ  аллакай аз бисёр фанҳо дар барномаҳои мактабӣ ва донишгоҳи маълуманд. Озмоишгоҳи маҷозӣ маҷмӯи барномаҳои компютерӣ мебошанд, ки равандҳои анҷом додани тадқиқоти таҷрибавии миқёси васеъро дар як мавзӯи муайян тақлид мекунанд. Озмоишгоҳи маҷозӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки корҳои озмоишии маҷозиро дар муҳити компютерӣ - дар мизи кории барномаи мувофиқ иҷро кунед. Дар баробари ин донишҷӯён ва хонандагон на бо асбобу анҷоми ченкунии воқеӣ, балки бо «тасвирҳои» онҳо дар экрани компютер машғул мешаванд. Ин  имкон медиҳад, ки корҳои озмоиширо хеле зудтар ва бо хароҷоти камтари иқтисодӣ иҷро гардад, онҳоро барои донишҷӯён шавқовар гардонад ва ҷузъи ҳавасмандии онҳоро нисбат ба шакли анъанавии таълим зиёд кунад. Аммо озмоишгоҳҳои маҷозӣ  барои омӯзиши фосилавӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.Хулоса мешавад, ки  натиҷаҳои истифодаи озмоишгоҳҳои виртуалӣ дар раванди таълим бамаврид аст ва самараи зиёд медиҳад

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

компютер, озмоишгоҳ, виртуалїӣ моделсозӣ, физика, техника, барнома, олимпиада, интернет ва ғайра