Рӯйхат 2023
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТЙ-ҲАДАФИ ОМУЗИШИ ПЕДАГОГИКА ВА РАВОНШИНОСӢ
МУАЛЛИФ: Қӯзиев Мурод Азимович, дотсенти кафедраи технология ва усули таълим; Муродзода Нодира, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи грамматикаи арабии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масоили фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун объекти омӯзиши педагогика ва психология баррасӣ мешавад. Қайд карда шудааст, ки ба фаъолияти мактаббачагон аз бисёр ҷиҳат фаъолияти илмӣ-тадқиқотие, ки дар ҷараёни тарбияи меҳнатӣ ба фоидаи ҷамъият ва истеҳсол ташкил карда шудааст, мусоидат мекунад.Маълум аст, фаъолияти меҳнатӣ объекти омӯзиши педагогика ва психология мебошад: барои ин илмҳо хусусияти муҳимтарини он дар он аст, ки вай ҳамеша мақсаднок, бошуурона, фаъол ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Ба ҳамин тариқ, тарбияи эҳтиёҷот ба меҳнат ҳамчун сифати гаронбаҳои ахлоқии шахс дар сурати оқилона ташкил ва роҳбарӣ кардани тамоми кори таълиму тарбия ва хусусан бо оқилона ташаккули ёфтани фаъолияти меҳнатии мактаббачагон бомуваффақият ба амал бароварда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фаъолияти меҳнатӣ, фаъолияти мактаббачагон, объекти омӯзиши педагогика ва психология, дар шароити ташкили оқилона