РОҶЕЪ БА ҶАНБАИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ РИЁЗӢ ДАР ОСОРИ РИЁЗИДОНОНИ АСРИМИЁНАГИИ ФОРС-ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Комилӣ А.Ш.Абдулакимова Ҷ.А., Мирзоахмедова М.М..pdf)Комилӣ А.Ш.Абдулакимова Ҷ.А., Мирзоахмедова М.М.РОҶЕЪ БА ҶАНБАИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ РИЁЗӢ ДАР ОСОРИ РИЁЗИДОНОНИ АСРИМИЁНАГИИ ФОРС-ТОҶИК47

 


МУАЛЛИФ: Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, д.и.ф.-м., профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табииётшиносӣ ва техникӣ дар назди ДДБ ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар); Абдулакимова Ҷанатой Абдурауфовна, н.и.п. дотсент; Мирзоахмедова Махфуза Мавлоновна, муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(77).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи самтҳои назариявӣ ва амалии математика, ки дар осори олимони риёзидони форсу тоҷик дар асрҳои миёна баррасӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор гирифтааст.Зимни таҳлил номҳои олимони  варзидаи асрҳои миёна, ки аслашон тоҷику форс буд, номбар гардида, дар инкишофи донишҳои риёзӣ, махсусан арифметикаи назари ва амалии давраи баррасишаванда, дар рушди алгебра саҳми боризу назаррасе гузоштаанд.Дар мақола қайд шудааст, ки масъалаҳои назариявии арифметика аз масъалаҳои амалии ҳаётӣ тавлид шуданд. Аз ҷумлаи олимони барҷастаи ин давр муаллифон шахсияти ал-Хоразмиро номбар мекунанд, ки номаш боиси пайдоиши илми муосири алгебра гардида, инчунин осори безаволи ӯ таҳлил шудааст, ки дар рушди илми ҳисоб беҳамто маҳсуб мешавад. Осори ӯ барои муҳаққиқони дигари баъдина илҳом бахшида, боиси таълифи китобҳои зиёди риёзӣ дар пайравии ал-Хоразмӣ гардид. Дигар аз олимони машҳури риёзии он давр Абӯалӣ ибни Сино бо «Донишнома» ва Абурайҳони Берунӣ бо «Китобу-т-тафҳим» масъалаҳои арифметикаи амалӣ ва арифметикаи назарӣ баррасӣ шудаанд.Дар қатори осори асримиёнагии риёзӣ китоби «Мифтоҳ-ул-ҳисоб» Ғиёсиддини Ҷамшеди Кошонӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунад, зеро маълумоти мукаммалу муфассалро оиди арифметика пешниҳод менамояд. Баъдан дар пайравии осори Кошони Баҳоуддини Омулӣ масъалаҳои назариявӣ ва амалии илми риёзиро мавриди баррасӣ қарор додааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

риёзӣ, риёзидон, форсу тоҷик, илм, назария, амалия, Сино, Берунӣ, Хоразмӣ