ОМОДАГИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (11.Мамадҷонов С.Х..pdf)Мамадҷонов С.Х.ОМОДАГИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ДОНИШГОҲ 43

 


МУАЛЛИФ: Мамадҷонов Самеъҷон Ҳабибуллоевич, дотсенти кафедраи педагогӣ ва табиӣ-риёзии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба  баррасии масъалаи омодагии ҳирфавӣ ва рушди шахсияти муаллими ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар донишгоҳ ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки проблемаи бо сифати баланд омоданамоии муаллимони синфҳои ибтидоӣ яке аз мушкилоти аслӣ талаққӣ мешавад ва мавзӯт муҳиму авлавиятдор дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи салоҳиятнокии ҳирфавии муаллимон аст. Таъкид мешавад, ки омӯзгори ояндаи синфҳои ибтидоӣ илова бар доштани дониши мукаммали соҳавӣ, ошнооии комил бо равишҳои таълими фанҳои синфҳои ибтидоӣ, бояд донандаи хуби забони давлатӣ, забони русӣ ва ҳам яке аз забонҳои хориҷӣ бошад, бояд дар бораи робитаи забон ва фарҳанг фаҳмиш дошта бошад, аз робитаи забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ мисолҳо оварад, фаҳмиши калимаҳо ва воҳидҳои фразеологиро бо забони миллӣ ва забонҳои дигар таъмин намояд, то ба ин васила раванди таълиму тарбияро дар асоси сатҳи асосии салоҳияти касбӣ роҳандозӣ намояд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

муаллими ояндаи синфҳои ибтидоӣ, технологияи муосир, омодагии касбии муаллими синфҳои ибтидоӣ, проблемаи омодагии касбии муаллимони синфҳои ибтидоӣ, сифатҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ