ОМОДА КАРДАНИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БА ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ ДАР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (10.Ҳакимова Ш.И..pdf)Ҳакимова Ш.И.ОМОДА КАРДАНИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БА ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ ДАР РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ48

 


МУАЛЛИФ: Ҳакимова Шоира Исломовна, н.и.ф, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи омода кардани омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолияти педагогӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ ихтисос ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки таҷрибаомӯзии омўзгории донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қисми таркибии барномаи асосии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, он ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалӣ азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил нигаронида шуда, бо мақсади аз ҷониби донишҷўён аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта, истифодаи он дар корҳои таълим, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.Нишон дода шудааст, ки омӯзгорони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик маҳз ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо вижагиҳову мушкилоти касбӣ дар амалия ошно мешаванд ва баҳри рафъи он мушкилаҳо аввалин донишҳову кӯшишҳои хешро сарф менамоянд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, омода кардани омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, таҷрибаомӯзии педагогӣ, таҷрибаи омӯзгорӣ, таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ