Рӯйхат 2023
ХУСУСИЯТҲОИ МЕТОДИИ ТАШКИЛИ КОРҲОИ БЕРУНАЗСИНФӢ ВА БЕРУНАЗМАКТАБИИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАННИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ
МУАЛЛИФ: Қодирова Мунаввара Воҳидовна, н.и.п., дотсент; Мирзабоев Зикрилло Зиёдуллоевич, н.и.п., дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба масъалаҳои мухтасари таълиму тарбия оид ба гузаронидани корҳои беруназсинфӣ аз фанни санъати тасвирӣ бахшида шудааст. Дар пешниҳодҳои муаллиф ба донишҷӯён услуб, роҳҳои ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар раванди таълими санъати тасвирӣ маълумот асоснок карда шудаанд. Қайд карда мешавад, ки мақсади таълим ва тарбия дар мактаб ин як воситаи соҳиб шудани хонандагон бо таҷрибаи илм ва ҳаёт буда, ягонагии илм, истеҳсолот ва ҷамъиятро таъмин карда мақсади он тарбияи шахси ҳаматарафа инкишофёфта мебошад. Зикр мешавад, ки пешниҳодҳо ба раванди таълим аҳамият дошта, ба таҷрибаомӯзон, донишҷӯён, муаллимони ояндаи санъати тасвирӣ барои ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ёрии амалӣ мерасонад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тарбия, санъат, фаъолияти беруназсинфӣ, донишҷӯён, эҷодӣ, малака, шахсият, машғулият, аёният