НИЗОМИ РОҲНАМОИИ КАСБИНТИХОБКУНӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИНТИХОБИ БОШУУРОНАИ РОҲИ КАСБИИ ХОНАНДАГОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (11.Азизов А.А., Дадобоева М.А..pdf)Азизов А.А., Дадобоева М.А.НИЗОМИ РОҲНАМОИИ КАСБИНТИХОБКУНӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИНТИХОБИ БОШУУРОНАИ РОҲИ КАСБИИ ХОНАНДАГОН53

 


МУАЛЛИФ: Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович, д.и.п, профессор; Дадобоева Мавлуда Абдуқаҳоровна, н.и.п., дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими они МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаҳои  низоми чорабиниҳои касбинтихобкунӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани василаи интихоби бошууронаи роҳи касбии хонандагон бахшида шудааст. Осори равоншиносони хориҷиву ватанӣ, ки ташаккули касбии шахсиятро омӯхтаанд, таҳлил карда шудааст. Таърифи “худмуайянкунии касбӣ” мушаххас шудааст. Як силсила омилҳое, ки интихоби мустақили касбро халалдор мекунад, муайян шудаанд. Нақши оила дар ташаккули дарки интихоби бошууронаи касб таҳлил шудааст. Намудҳои кори касбинтихобкунии омӯзгорон тибқи хусусиятҳои синнусолии хонандагон пешниҳод шудаанд. Зикр гардидааст, ки  таълими фанни “Технология”(таълими меҳнат) дар касбинтихобкунии хонандагон муассир мебошад. Вариантҳои гуногуни корҳои касбинтихобкунӣ, ки роҳбари синф ва муаллимони фаннӣ истифода бурда метавонанд оварда шудаанд. Усулҳои гуногуни кори психологии равоншиноси муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагон тавсиф карда шудааст, ки имкон медиҳад, тавсияҳо оид ба роҳи иловагии корҳои касбинтихобкунӣ пешниҳод карда шавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

скасбинтихобкунӣ, ташаккули касбии шахсият, роҳбари синф,   касб, худмуайянкунии касбӣ, интихоби бошууронаи касб