"МУАММОҲОИ АСОСИИ ЭКОЛОГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Исматдинов А.М..pdf)Исматдинов А.М.МУАММОҲОИ АСОСИИ ЭКОЛОГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБЇ51

 


МУАЛЛИФ: Исматдинов Алишер Муҳамадович, муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии муаммоҳои асосии экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ нигаронида шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар давраи муосир яке аз самтҳои фаъолияти бисёр муҳим, афзалиятнок ва доманадор соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Аз самт ва самаранокии он имрўз дурнамои инкишофи инсоният вобастагӣ дорад. Баланд бардоштани нақши маориф ва дигаргун кардани он ба омилҳои барандаи раванди иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонад. Муаллиф ба ин ақида аст, ки бояд алоқаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҳаёт тавассути экологизасиякунунии маориф беҳтар гардад. Зикр мешавад, ки имрўз, зарурияти омода намоии донишҷўён ва омўзгорони оянда ҷиҳати тарбияи экологии хонандагон бештар эҳсос карда мешавад, ки яке аз муаммои муҳими назария ва амалияи муассисаи таълимии олӣ ба ҳисоб меравад. Ду роҳи муносибати касбиро дар ташкили таълими экологӣ дар мактабҳо пешниҳод шавад.Модели якум тайёр кардани мутахассисон-экологҳо ва модели дуюми таълими экологӣ ташкил кардани ихтисоси экологияро дар ҳамаи соҳаҳои илм ва техника дар назар дошта шудааст. Ин модел барои тайёр кардани мутахассисон агроном-эколог, эколог-зоолог, эколог-мелиоратор, архитектор-эколог, химик-эколог ва ғайраро дар бар мегирад. Мутахассисоне, ки дар соҳаи илм ва техника донишҳои мукаммал дошта, бояд вазифаҳои экологии соҳаи фаъолияти худро дар сатҳи баланд ҳал намоянд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 экология, экологизасиякунонии маориф, саводнокӣ, муҳити зист, маърифати экологии аҳолӣ, шуури экологӣ, тарбияи экологӣ, салоҳиятнокии касбӣ, модел, илм ва техника