"ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ ИРТИБОТӢ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Каримова Д.О..pdf)Каримова Д.О.ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ ИРТИБОТӢ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ46

 


МУАЛЛИФ: Каримова Дилором  Отахоҷаевна, сармуаллими кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан дар бораи шаклгирии салоҳияти иртиботӣ дар омӯзиши забони тоҷикӣ меравад.Қайд мешавад, ки ҳадафи асосии омӯзиши забони тоҷикӣ ташаккул додани салоҳияти коммуникатсионии донишҷӯён мебошад, ки асоси малакаҳои забонӣ ба ҳисоб меравад.  Тазаккур меравад, ки дар таълими забони тоҷикӣ  унсурҳои салоҳияти иртиботӣ, аз қабили таваҷҷӯҳи  бештар ба оҳанги қироати матни назмӣ ва насрӣ, риояи одоби баҳс, муколама, саволу ҷавоб ва монанди инҳо истифода мешаванд. Дар таълими забони тоҷикӣ ташаккули салоҳияти коммуникативӣ бидуни омода намудани малакаҳои нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ ғайриимкон аст. Муаллиф дар натиҷаи баррасии ин мавзӯъ ба ин натиҷа расидааст, ки донистани маводи луғавӣ ва грамматикӣ ташаккули малакаҳои муоширатро таъмин намекунад. Ин малакаҳо тавассути ҷалб кардани донишҷӯ ба раванди таълим, афзоиши омили ҳавасмандгардонӣ, ҳалли мушкилоти муайяни педагогӣ дар раванди таълим, қобилияти кор бо маводи таълимӣ бо мақсади истифодаи он дар соҳаҳои муайян  ташаккул меёбанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

  салоҳият, салоҳияти иртиботӣ, салоҳияти касбӣ, матнҳои тахассусӣ