" УСУЛИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ МАҲАЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Каримова Ф.Х..pdf)Каримова Ф.Х.УСУЛИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ МАҲАЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА42

 


МУАЛЛИФ: Каримова Фароғат Хайруллоевна, сармуаллимаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи истифодаи усули фаъолгардонии таълими физика бо истифода аз маводи маҳал баррасӣ шудааст. Нишон дода шудааст, ки дар раванди таълим истифодаи усули маводи маҳал дарки ҳодисаҳои физикиро ба хонандаи тоҷик осон ва ҷаззобияти омӯзиши онро бештар мегардонад. Таъкид шудааст, ки ташкил намудани экскурсияҳо ба заводу фабрикаҳо, корхонаю истеҳсолот, осорхона ва ғайра яке аз воситаҳои самараноки ғанӣ гардонидани маводи маҳал ба ҳисоб рафта, дар толибилмон сабаби ташаккул ёфтани донишҳои физикию математикӣ гардида метавонад. Муаллиф усули истифодаи маводи маҳалро табақабандӣ  намуда, мазмун ва моҳияти онҳоро дар ташаккули маҳорат ва дониши хонандагон мушаххас намудааст. Инчунин, дар натиҷаи истифодаи воқеияти кишвар (маводи маҳал) дар зеҳни хонандагон ному рақамҳо нақш баста, дар онҳо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро баланд мебардорад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 таълим  физика, фаъол гардонидани раванди таълим, маводи маҳал, усули таълим