"ОМОДАСОЗИИ КАСБӢ-ПЕДАГОГИИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хомидова Ф.Л..pdf)Хомидова Ф.Л.ОМОДАСОЗИИ КАСБӢ-ПЕДАГОГИИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ42

 


МУАЛЛИФ: Ҳомидова Фирӯза Латиповна, унвонҷӯи кафедраи умумидонишгоҳии забони русии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола масъалаҳои марбут ба моҳият, мундариҷаи асосӣ ва шаклҳои ташкили корҳои тарбиявӣ дар мактаби олӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Ин масъалаҳои умда дар асоси маҷмӯаи моделҳое, ки аз ҷониби муаллифи мақола таҳия гардидаанд, моҳият ва мундариҷаи асосии корҳои тарбиявиро инъикос менамоянд. Кори тарбиявӣ дар доираи муҳити тарбиявӣ, ки ин аз ҷиҳати илмӣ-методӣ воситаи мақсадноки мутобиқшавии шуур ва фарҳанги ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён ба муҳити мазкур маҳсуб меёбад. Дар ин сурат тарбиядиҳанда ҳамчун субъекти таъсири тарбиявӣ, ва тарбиягиранда ҳамчун субъекти инъикоскунандаи таъсири тарбиявӣ мавриди назар мегарданд.Ба ҳайси мундариҷа ва воситаи тарбия арзиши тарбиявӣ пешбарӣ карда мешавад. Муаллифи мақола ҳаққонӣ аз нуқтаи назари илмӣ-методӣ тавсия медиҳад, ки танҳо бо тарбияи шифоҳӣ маҳдуд гардидан нодуруст буда, аз ин лиҳоз зарурати алоқаманд намудани тарбияи шифоҳиро бо дигар намудҳои нисбатан тавонои тарбия, махсус таъкид менамояд. Дар мақола ҳамчунин моделҳои тарбияи касбӣ ва модели тарбия ба худтарбиякунии донишҷӯён, ки онҳо моҳият ва мундариҷаи ин намудҳои тарбияро инъикос менамоянд, мавриди назар гардидаанд. Дар мақола аҳамияти махсус нисбати ташаккули коллективи донишҷӯён, ки он нақши ҳалкунандаро дар мутобиқшавии донишҷӯён ба муҳити тарбиявии мактаби олӣ мебозад, дода шудааст. Бомуваффақиат ташаккулдиҳии коллективи донишҷӯён асоси ташкили самараноки фаъолияти таълимӣ-маърифатӣ, ҳамчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-тадқиқотии донишҷӯён маҳсуб меёбад. "  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 омӯзгори ҷавони мактаби олӣ, кори тарбиявӣ, муҳити тарбиявӣ, арзиши тарбиявӣ, таъсири тарбиявӣ, инъикосёбии тарбиявӣ, тарбиягиранда, тарбияи шифоҳӣ, тарбияи касбӣ, худтарбиякунӣ, коллективи донишҷӯён