"ОИД БА МАСЪАЛАИ АЗ ҶИҲАТИ ТАШКИЛӢ- ПЕДАГОГӢ САФАРБАРИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ТАЪЛИМИ ЭЛЕКТРОНӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Азизов Х.У.,Абдуллоева М.И.pdf)Азизов Х.У.Абдуллоева М.И.ОИД БА МАСЪАЛАИ АЗ ҶИҲАТИ ТАШКИЛӢ- ПЕДАГОГӢ САФАРБАРИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ТАЪЛИМИ ЭЛЕКТРОНӢ40

 


МУАЛЛИФ: Азизов Хусрав Умриддинович, унвонҷӯи кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи омӯзгории  дар ш.Панҷакент (Таджикистан, Худжанд); Абдуллоева Машхура Ибрагимовна, унвонҷӯи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола бо такя ба коркардҳои олимон моҳият ва хусусиятҳои ҳамроҳӣ ба донишҷӯён дар қаринаи ҷоришавии таълими электронӣ ошкор мегарданд. Таъкид шудааст, ки ҳамроҳӣ ба сифати кори педагогии том ва ҳадафмандона ташкилшуда баррасӣ мегардад, ки дар заминаи шароити махсус омодашудае роҳ монда мешавад, ки раванди таълими бомуваффақияти донишҷӯёнро таъмин менамоянд.Дар таҳқиқоти ба падидаи мазкур ихтисосёфта шароити гуногуни ҳамроҳӣ: педагогӣ, ташкилӣ-педагогӣ, психологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.  Муаллифи мақола ба хулосае расидааст, ки хусусияти хоси ҳамроҳии ташкилӣ-педагогии раванди омодагии таълимгирандагон ҳамоҳангии мутақобили амалҳои субъектҳои омодагӣ мебошад: аз як тараф, донишҷӯён ва аз тарафи дигар - омӯзгорон, ки вазифаи ҳамоҳангсозро иҷро менамоянд, ки барои баланд бардоштани сатҳи натиҷабахшии ин раванд бо истифодаи имконияти таълими электронӣ нигаронида шудааст.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 ҳамроҳии ташкилӣ-педагогӣ, таълими электронӣ, шароит, субъектҳои таълим