АҲАМИЯТИ ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДАИ МУВАФФАҚ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Убайдуллоева Ф.А..pdf)Убайдуллоева Ф.А.АҲАМИЯТИ ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДАИ МУВАФФАҚ46

 


МУАЛЛИФ: Убайдуллоева Фарангис Алишеровна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мавқеъ ва нақши таҷрибаи педагогӣ, ки яке аз марҳилаҳои муҳимтарини таълими касбии донишҷӯён дар раванди ташаккули мутахассиси баландихтисос  ба ҳисоб меравад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мешавад, ки фаъолияти педагогӣ ва ташаккули омодагӣ ба фаъолсозии он танҳо дар сурати  омодагии назариявӣ ва амалии омӯзгори оянда имконпазир аст. Танҳо дар вақти таҷрибаомузӣ донишҷӯён баъзе маҳорат ва қобилияти касбӣ пайдо мекунанд. Ҷомеа ба муаллимони хуб эҳтиёҷоти зиёд дорад, вале барои омӯзгори муваффақ будан омӯзгорони ҷавон бояд дорои малакаҳои гуногуни касбӣ бошанд, то дар соҳаи маориф бомуваффақият кор карда, мутахассисони арзанда тайёр кунанд. Самти дурнамои такмили ихтисоси омӯзгори оянда такмили мазмун ва шаклҳои фаъолияти амалии донишҷӯён мебошад. Натиҷа гирифта мешавад, ки Ҳамаи ин ҷузъҳо танҳо дар якҷоягӣ бо манфиати шахсӣ ва фаъолияти пурқуввати муштараки донишҷӯён, профессорон ва муаллимон метавонанд самаранок бошанд.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 шахсият, таълимоти касбӣ, хушмуомилагӣ, хислатҳои рохбарӣ, таҷрибаи педагогӣ, қобилият ва маҳорат