"САМАРАБАХШИИ ФАНОВАРИҲОИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ДАР МУҲИТИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶҲОИ ПЕДАГОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Почоев Б.Х.pdf)Почоев Б.Ҳ.САМАРАБАХШИИ ФАНОВАРИҲОИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ДАР МУҲИТИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶҲОИ ПЕДАГОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН42

 


МУАЛЛИФ: Почоев Бахтовар Ҳотамович, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон,  Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола  ба баррасии масъалаҳои самаранокии фановариҳои ҳифзи саломатӣ дар муҳити омӯзишии коллеҷҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки махсусияти асосии баррасии таҷрибавии самарабахшии фановариҳои ҳифзи саломатӣ дар муҳити таълимии коллеҷҳои педагогии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани он ба сегонаи "фароянд","шахсият", "мудирият" мебошад, ки онро беҳтарин усул барои  баҳогузории натиҷаҳои ғайримодии фаъолияти инсонӣ- мавқеият, равандҳо, салоҳиятҳо дар фаъолияти таълимию педагогӣ тақозо менамояд. Аз ҷониби муаллиф  сабабҳое, ки ба раванди педагогии шаклгирии фарҳанги ҳифзи саломатии донишҷӯён дар муҳити омӯзишии коллеҷҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсири манфӣ доранд, номбар карда шудаанд. Ҳамчунин омилҳои самарабахши фановариҳои ҳифзи саломатӣ, ки ба таъмини тандурустии донишҷӯён дар муҳити омӯзишии коллеҷҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда,  онҳо дар ҷараёни  озмоишҳо ба даст омадаанд, пешниҳод карда мешаванд.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 технологияи арзёбӣ, ҳифзи саломатӣ, коллеҷ, муҳити таълим, Тоҷикистон