АСОСҲОИ МЕТОДИИ ИНКИШОФИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ БО ЗАБОНИ МОДАРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бойтемиров Р.М..pdf)Бойтемиров Р.М.АСОСҲОИ МЕТОДИИ ИНКИШОФИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ БО ЗАБОНИ МОДАРӢ45

 


МУАЛЛИФ: Бойтемиров Рустам Мавлонбекович, сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

"Дар мақола  зикр мегардад, ки таълими забони русӣ ҳамчун забони ғайримодарӣ дар муассисаҳои таҳсилоташон ба забони модарӣ хусусият ва вижагиҳои худро дорад. Қайд мешавад, ки  одатан хонандагон ҳини омўзиши забони ғайримодарӣ зери таъсири махсусият ва қоидаву қавоиди забони модариашон қарор меёбанд. Нишон дода мешавад, ки дар  муддати  кӯтоҳ  паси сар кардани монеаҳои омўзиши забони бегона мушкилот ба вуҷуд меорад. Асосҳои методии инкишофи нутқи  хонандагони тоҷик дар синфҳои ибтидоии таълимаш бо забони модарӣ. Муаллиф бар он назар аст, ки мақола сабаби асосии чунин вазъият фарқияти сохторӣ ва омилҳои фарқкунандаи забонҳо, душвориҳои талаффуз, хусусиятҳои хоси лексикӣ ва семантикии байни ду забон (русӣ ва тоҷикӣ) мебошад. Дар мақола қайд мегардад, ки барои ҳал ва рафъи мушкилот кори мақсаднок ва босуботи омўзгори фанни забони русӣ ба миён меояд. Вай ба тартибу низом ва тадриси босамари маводи забономўзӣ, шарҳу баёни фаҳмо ва дастраси унсурҳои лексикӣ-грамматикии забони русӣ бо дарназардошти хусусиятҳои забони модарии хонандагон, интихоби машқу супоришоти ба рушди малакаҳои нутқ равонашуда бояд таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Тазаккур рафтааст, ки маҳз дар синфҳои 2-4 заминаи мустаҳкам ва асоси ташаккули маҳорату малакаҳои нахусти нутқ кардан ҳангоми омўзиши забони русӣ дар синфҳои ибтидоии таҳсилашон ба забони модарӣ (тоҷикӣ) меравад. Комёб шудан ба малакаҳои гуфтор дар заминаи амалӣ гардидани ҷузъҳои таркибии фаъолияти нутқ кардан (шунидан, гап задан, хондан ва навиштан) муяссар мешавад. Албатта,  дар ин раванд маҳорати касбӣ ва забондонии омўзгор низ мақоми хос дорад. Ва муҳим аз ҳама он аст, ки «омўхтани забон ин сухан карда тавонистан ва дуруст гуфтан аст»."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

забоин русӣ, таълим, нутқ, инкишоф, захираи луғавӣ, грамматика, вазъияти гуфтор