"ОМӮЗИШ ВА ТАЪЛИМИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ТАВАССУТИ МАҶОЗ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳомидова М.Н., Холов С.С..pdf)Ҳомидова С.С.,Холов С.С.ОМӮЗИШ ВА ТАЪЛИМИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ТАВАССУТИ МАҶОЗ40

 


МУАЛЛИФ: Ҳомидова Мунира Нӯмоновна, н.и.ф., дотсент; Холов Саидмуҳиддин Саидмуродович, сармуаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи омӯзиш ва таълими грамматикаи забони англисӣ тавассути маҷозӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки маҷоз на танҳо барои тасвир намудани олами воқеӣ ё барои аз нигоҳи дигар баррасӣ намудани ягон мафҳум ё андеша ёрӣ мерасонад, балки барои фаҳмидани назария ва хулосаҳои илмии душворфаҳму баҳсталаби таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ як имконияти васеъ фароҳам меовард. Инчунин дар такмили касбии омӯзгорон чун як воситаи тасвири мафҳумот мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Муаллифони мақола кӯшиш намудаанд, ки ду роҳи омӯзиши грамматикаро бо номи девори хиштӣ, ки  донишҷӯён сохти грамматикии забонро зина ба зина аз худ мекунанд ва боғи табиӣ, ки донишҷӯён грамматикаро  дар алоқамандӣ бо ҳодисаи ҳаррӯза омӯхта, ҳодисаҳои забониро ба таври амалӣ дар забон истифода мебаранд, пешкаш намоянд. Муаллифон тавсия медиҳанд, ки  омӯзгорон бояд ин ду усул , яъне “боғи табиӣ” ва “девори хиштӣ”-ро дар дарс муттаҳид намуда истифода  баранд, то ки таълими грамматика боз ҳам самараноктар шавад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маҷоз, грамматика,  ҳодиса, донишҷӯ, омӯзгор, боғи табиӣ, девори хиштӣ