"ФАЪОЛНОКИИ ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛИ ШУУРИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоҷонова С.Р.pdf)Бобоҷонова С.Р.ФАЪОЛНОКИИ ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛИ ШУУРИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН49

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Саломат Раҳимҷоновна, сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи  МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз масъалаҳои умда ва муҳими  илми педагогикаи муосир бахшида шуда,  фарогири таҳқиқи унсурҳои таркибӣ ва усулҳои рушди фаъолнокии иҷтимоиву ҳуқуқии донишҷӯён мебошад. Муқаррар карда шудааст, ки фаъолнокии иҷтимоиву ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи  ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва маърифати шахс ба ҳисоб меравад. Муаллиф хулосаҳои илмии худро бо омӯзиши сарчашмаҳои илмиву таълимӣ, асноди меъёриву ҳуқуқӣ ва натиҷаҳои пурсишҳои иҷтимоӣ  худ асоснок намуда, дар ин замина якчанд навгонии илмии мушаххасро барои амалигардонии фаъолнокии иҷтимоиву ҳуқуқии донишҷӯён ва таҳқиқи минбаъдаи доманадор дар ин самт пешниҳод намудааст. Дар мақола  масъалаи тадриси фанни ҳуқуқ бо фарогирии роҳу усулҳои замонавӣ бо такя ба таҷрибаи  қонунгузории  кишварҳои мутараққӣ  мавриди омӯзиш қарор дода шуда,  заминаҳои рушди фаъолнокии иҷтимоиву ҳуқуқии донишҷӯён дар шароити муосир муайян  гардидааст. Мақола таҳқиқи муқаддимавии мавзуи мазкур маҳсуб меёбад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

методҳои таълим,  шуури  ҳуқуқӣ, ташаккул, фаъолнокии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии донишҷў,  маърифати ҳуқуқӣ,  мустақилияти рафтор,  муносибати қонунӣ