ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ ЗЕБОИПАРАСТИИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ХУНАРҲОИ ХАЛҚӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирзабоев З.З., Аҳадов Ф.Х..pdf)Мирзабоев З.З., Аҳадов Ф.Х.ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ ЗЕБОИПАРАСТИИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ХУНАРҲОИ ХАЛҚӢ47

 


МУАЛЛИФ: Мирзабоев Зикрилло Зиёдуллоевич, н.и.п., дотсент;Аҳадов Файзулло Холиқович, докторанти кафедраи нақшакашӣ геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи кор бо ташкили шароити педагогӣ дар ташаккули бошууронаи  шавқу рағбати босубот нисбат ба ҳунарҳои халқӣ ва  тарбияи   завқ ва ҳисси зебоипарастӣ бахшида  шудааст. Қайд карда мешавад, ҳунарҳои халқӣ дар раванди омўзиши мақсаднок, фаҳмиш, машғулиятҳо дар доираи курсҳои махсус як қатор вазифаи тарбияи зебоипарастиро ба иҷро мерасонад, бо санаду далелҳои ҷиддӣ тасдиқ шудааст. Масъалаи ташаккули сифатҳои ахлоқию зебоипарастии донишҷӯён тавассути хунарҳои халқӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад, ки ин нукта дар мақола  бо далелҳо нишон дода шудааст.Тазаккур меравад, ки рушди нерўи эҷодии донишҷўён тавассути ҳунарҳои халқӣ раванди мақсадноки ташаккули завқу қобилияти шахсият ва фаҳмиши зебоӣ, коркарди низоми тасаввурот, ташаккули эҳтиёҷоти зуҳури худ дар санъати амалӣ, ворид намудани унсурҳои зебоӣ дар ҳаёти мактабӣ мебошад. Чун дар ҳама фанҳои  таълимӣ, дар ҷараёни омӯзиши ҳунарҳои халқӣ низ дар якҷоягӣ бо ташаккули мафҳумҳо оид ба  ҳунарҳои халқӣ додани донишҳои назарӣ ба донишҷӯён, пайдо намудани маҳорат ва малакаҳои амалии онҳо дар назар дошта шудааст. Хулоса мешавад, ки машғулияти ҳунармандӣ  дараҷаи маълумотнокии донишҷӯёнро баланд бардошта, онҳоро ба зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба мероси ғании бадеии гузаштагонамон тайёр менамояд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳунар, эҳсос, ахлоқ,  педагог, арзёбӣ, зебоипарастӣ, эҷодкор, тарбия, метод, тахайюлоти эҷодӣ, фарҳанг, педагогика, зебоӣ, осорхона, экскурсия