ТАШАККУЛИ МАВҚЕИ АХЛОҚӢ - МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (31.Мухторова М.А..pdf)Мухторова М.А.ТАШАККУЛИ МАВҚЕИ АХЛОҚӢ - МАЪНАВИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ41

 


МУАЛЛИФ: Мухторова Мафтуна Абдумӯминовна, омӯзгори коллеҷи омӯзгории МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масоили тарбияи инсони комил, ки яке аз вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ ба шумор меравад, бахшида шудааст. Зеро маҳз чунин инсонҳои ҳамаҷониба инкишофёфта бо эътиќод, саъю кўшиш, ғайрат, маданият ва дониши худ ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон ҳиссагузоранд. Муаллиф чунин мешуморад, ки дар муассисаи таълимӣ, синфу оила тавассути фаҳмондадиҳӣ, донишдиҳӣ дар хонандагон сифатҳои ахлоќӣ пайдо кунонда мешавад. Онҳо тадриҷан ба волидайн ва муаллимон меҳрубонї, ба њамсолону атрофиён ѓамхорї зоњир менамоянд, адолату инсоф, кори неку бадро дарк мекунанд. Маданияти рафтор ва дараҷаи тарбиянокиашон сайќал ёфта, ба тарзи либоспўшӣ, муомилаву сухангўӣ, ҳаракатҳои худ эътибор медињанд. Ба андешаи муаллиф мазмун ва шакли корҳои тарбиявӣ бояд бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ, таҷрибаи ҳаётӣ, кувваю имкониятҳои хонандагон пеш бурда шавад. Њарчанд онҳо хусусиятҳои умумӣ доранд, боз аз якдигар аз љињати инкишоф, одобу рафтор бо тафовутњои зиёде фарќ мекунанд, яъне хонандагон хусусиятњои фардии фарќкунандаи худро моликанд. Муаллим бояд донад, ки завқу њаваси шогирдаш чӣ гуна аст, ба чӣ paғбат дорад ва шаклу воситаҳоеро дарёб намояд, то вайро қонеъ гардонда, сифатҳои ҳамидаи ўpo ташаккул диҳад.Динамикаи мусбати натиҷаҳои таҳқиқоти муаллиф собит менамояд, ки фарзияи пешниҳодшуда тасдиқ шуда, вазифаҳои гузошташуда ҳалли худро ёфтанд ва ҳадафҳо ба даст омаданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Консепсияи миллии тарбия, сифатҳои баланди ахлоқӣ, муносибати неки инсон нисбат ба ҷамъият, тарбияи инсони комил, мазмун ва шакли корҳои тарбиявӣ, меҳрубонӣ ба волидайн, ғамхорӣ ба ҳамсолону атрофиён, хонанда, синфҳои ибтидоӣ