САҲМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ ТЕХНИКА ДАР АСРҲОИ МИЁНА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (6.Комили А.Ш.,Усмонзода А.И, Шамсидинов М.И..pdf)6.Комили А.Ш.,Усмонзода А.И, Шамсидинов М.И.САҲМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ ТЕХНИКА ДАР АСРҲОИ МИЁНА42

 


МУАЛЛИФ: Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, д.и.ф. ва математика, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои табиӣ ва технологияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар) Усмонзода Аюб Ислом, д.и.т., профессор, ректори МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”; Шамсидинов Мӯмин Иномҷонович, н.и.ф.математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахтӣ МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳлили осори ғанӣ ва гаронбаҳои Абурайҳони Берунӣ дар донишҳои ситорашиносӣ, риёзиёт, ҳисоб, ҳандаса, мусаласот (тригонометрия), ҷуғрофиё, илми табиӣ (физика) ва маъданшиносӣ (минералогия) бахшида шудааст. Дар заминаи сарчашмаҳои аввалия саҳми арзишманди нобиғаи овозадор Абӯрайҳони Беруни дар инкишофи донишҳои ситорашиносӣ риёзиёт ва табииёт нишон дода шудааст.Қайд карда мешавад, ки Берунӣ дар Хоразм ҳавзаи илмие таъсис дод, ки ба таҳқиқи масъалаҳои нуҷум пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намудааст. Саҳми Берунӣ дар инкишофи илму техника дар асрҳои миёна хеле бузург буда, дар ин замина бештар аз саду панҷоҳ осори илмӣ – тадқиқотӣ таълиф намудааст, ки онҳо минбаъд дар инкишофи улум ва технологияи саноатии Аврупо таъсири боризе расонидааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

табиӣ, риёзӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, таърихи илм, Абӯрайҳони Беруни