2022 сол
ТОПОНИМИЯИ НОМҲОИ ЁДГОРИҲОИ АРХЕОЛОГӢ ДАР БОЛООБИ ВОДИИ ЗАРАФШОН (НАЗАРИ НАВ БА МАСЪАЛА)
МУАЛЛИФ: Каримова Галина Раҳимовна, н.и.т., ходими пешбари илмии шӯъбаи бостоншиносӣ; Юсуфов Муҳаммадҷон, докторант(PhD)-и шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола асмти нави тадқиқоти маҷмӯавӣ бо назардошти ҷойномҳои болооби водии Зарафшон, ки барои дарёфти маълумот оид ба таъинот, намуд, категорияи ёдгориҳои бостоншиносӣ дар доираи замон бори маъноӣ доранд, пешниҳод шудааст. Барои ин ҷойноми ёдгориҳои бостоншиносе гирифта шудаанд, ки дар Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон таърифи дақиқи намуд ва категория, тавсиф, санаи он ба назар гирифта шудаанд. Танҳо номҳои ёдгориҳои археологӣ таҳлил карда шуда, ҳама маълумоти топонимии минтақа ҷалб карда намудаанд. Категорияи ойконимҳои топонимӣ (номи маҳалҳои аҳолинишин) имкони ба сифати сарчашма ва нишондиҳандаи ҷойгиршавии ёдгориҳои бостоншиносӣ ба ҳисоб гирифтаи онҳоро инъикос мекунад. Дақиқи кардани солгузории ёдгорӣ имкон медиҳад, ки пайдоиши халқ ва паҳншавии забон дар ин минтақа муайян шавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойномҳо дар равиши ҳамгироӣ бо бостоншиносӣ дар тафсири нав баррасӣ карда шавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
топонимика, топоформантҳо, ёдгориҳои археологӣ, водии Зарафшон