"МУАММОИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ ВИДЕОӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдураҳмонова Н.Р..pdf)Абдураҳмонова Н.Р.МУАММОИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ ВИДЕОӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ40

 


МУАЛЛИФ: Абдураҳмонова Нигина Раимовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии мушкилоти истифодаи маводи видеоӣ дар фароянди омӯзиши забони хориҷӣ тахассус ёфтааст. Тазаккур рафтааст, ки имрӯзтехнологияҳои инноватсионӣ омили тавонои ташаккули фазои таълим маҳсуб мешаванд. Бисёре аз муҳаққиқон ва омӯзгорони пуртаҷриба самаранокии технологияҳои муосирро қайд намуда, бахусус самарабахшии истифодаи маводи видеоии таълимро дар дарсҳо тавассути планшету компютерҳои ба интернет пайвастшуда таъкид менамояд. Қайд мешавад, ки ҳангоми истифодаи тасвирҳои видеоӣ дар таълими забони хориҷӣ салоҳияти муоширатии донишҷӯён инкишоф меёбад, аммо истифодабарии маводи видеоӣ кори осон набуда, аз омӯзгор на танҳо саводи муайяни компютерӣ, балки донистани усулҳои истифодаи маводи видеоиро талаб менамояд. Кӯшиш шудааст, ки моҳияти мушкилоти истифодабарии маводи видеоӣ дар раванди таълими забони хориҷӣ муайян гардид ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод шавад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таҳсилоти забонӣ, видеомавод, муаммо, норасоии компутер, Интернет, салоҳияти иттилоотиву коммуникатсионӣ, усули истифодабарӣ, интихоб ва ташкили мундариҷаи таълим